чӯбкорӣ — [چوبکاري] 1. аз чӯб сохташуда, сохтмоне, ки дар он чӯб истифода шудааст 2. дуредгарӣ, аз чӯб чизе сохтани дуредгар 3. задан бо чӯб; задан бо калтак; чӯб кардан бо чӯб ё калтак лат кардан 4. маҷ. суст, холӣ, беасос: айбномаи тагаш чӯбкорӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кӯбкорӣ — [کوبکاري] ниг. бузкашӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ошӯбкор — [آشوب کار] ниг. ошӯбгар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чӯбкор — [چوب کار] он ки аз чӯб ҳар гуна лавозимот месозад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
улоқ — [الاق] т 1. ниг. улоғ; бузе, ки кӯбкорӣ мекунанд, куштаи танаи буз ё гӯсолаи дар бузкашӣ кашидашаванда 2. гуфт. бузкашӣ, кӯбкорӣ; улоқ додан бузкашӣ барпо кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баркаш — I [برکش] асоси замони ҳозира аз баркашидан II [برکش] 1. баркашидан, вазн кардан 2. миқдори як бор вазн кардан 3. маҷ. вазн, эътибор III [برکش] рост кардани бинои чӯбкорӣ ё пойдеворе, ки ягон тарафаш фурӯ рафтааст ё каҷ шудааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бузкашӣ — [بزکشي] навъи варзиши миллӣ, ки бузкашҳо аспсавор барои буз ё гӯсолаи сарбуридаро аз ҷои муайян гирифта ба марра бурда расонидан мусобиқа мекунанд, кӯбкорӣ; бузкашӣ кардан иштирок кардан дар бозии бузкашӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
девор — [ديوار] 1. иҳотае, ки аз лой, хишт, санг ва ғ. дар гирдогирди ҷое ё байни ҷое барои ҷудо кардани он месозанд; унсури асосии бино барои нигоҳ доштани бом ва муҳофизати бино аз таъсири барфу борон: девори боғ, девори қалъа, девори хона, девори шаҳр … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кабуда — [کبوده] номи умумии дарахтоне аз хонаводаи бед, ки пӯсти кабуд ё сафед доранд, баргҳои думборику дароз дошта, дар саноати чӯбкорӣ чӯби онҳо истифода мешавад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қалама — I [قلمه] 1. ходачае, ки дар дохили девори биноҳои чӯбкорӣ рост мегузоранд 2. усули ба муқобили зилзила устувори биносозӣ, ки тибқи он тарҳи асосии бино аз чӯб сохта мешавад 3. кишов. бахше аз соқа, барг ё решаи як гиёҳ, ки аз он ҷудо карда барои… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ